(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмруз дар тарабхонаи «Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулдасту чит, тоқӣ ва ғайра Фестивали шаҳрии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Дар Фестивали «Чакомаи гесӯ» кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадаст иштирок намуданд.

Фестивал аз рўйи 3 бахш: гесўйи дарозтарин, ороиш ва мўйбофии қадима ва ороиш ва мўйбофии муосир сурат гирифта, довталабони зиёд аз муассисаву корхона ва идораву ташкилотҳои шаҳр дар он ширкат варзиданд.

Ҳайати доварон ғолибони даври шаҳрии Фестивали «Чакомаи гесӯ» муайян намуданд. Ҳамин тавр, ғолиби номиннатсияи «Гесўйи дарозтарин Шукрона Файзуллоева гардида, дар номиннатсияи «Ороиш ва мўйбофии қадима»Шоҳина Ғафурова ва дар бахши ороиш ва мўйбофии муосир Сабрина Тўхтасинова ғолиб дониста шуданд. Ҳамзамон дар номиннатсияҳои номбурда мақомҳои дуюм ва сеюм низ муайян гардиданд. Сароянда Нодирабегим Усарзода, ҳамчун "Бадеҳахони беҳтарин" дониста шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Фестивали мазкур намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну муйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ғолибонро Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода табрику таҳният гуфта, диплом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд