(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кумитаи маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ироа гардид, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд намуданд, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Аъзои Ҳукумат ва роҳбарони идораву сохторҳое, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишударо таъмин намоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Вазифаи асосии ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст. Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем.

Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд