(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altПеш аз он ки доир ба асотири ҷашни Сада сухан кунем, номи дар байни мардум паҳнгаштаи онро зикр мекунем, ки «чиллабаро», «чилла» аст. Яъне марбут аз ба чиҳил рўз. Ин чил аз куҷо ҳисоб карда мешавад? Барои ҷавоб гуфтан ба ин савол мо бояд, пеш аз сухан кардан дар бораи Сада ба иди дигаре таваҷҷўҳ кунем, ки он санаи 22 декабр, дар шаби дарозтарини сол қайд мегардид ва бо номи Шаби Ялдо ва ё худ шаби чилла, чилладаро маъруф аст. Чилла санаи 22 декабр оғоз мегардад ва давоми 40 рўз то фарорасии ҷашни Сада идома мекунад. Бо баробари фарорасии Сада чилла мебарояд. Ин як ҳисоби маъмулии ориёӣ аст, ки дар иртибот бо табиат ва гардиши офтоб ба вуҷуд омадааст.

Доир ба пайдоиши иди Сада асотир дар бораи Митро, ки тимсоли худованди гармиву меҳр аст, сабаб гаштааст. Тибқи мифологияи ориёӣ Митро дар шаби дарозтарини сол – яъне дар шаби Ялдо дар даруни ғор тавлид мешавад. Дар муддати чил рўз дар ғори торик ба воя мерасад ва дар рўзи Сада, рўзи 41-ум аз ғор берун меояд, то ки ба олам гармиву нур бахшад.

То кунун доир ба даромадани чилла ва баромадани он дар байни мардум ҳисобҳои гуногун мавҷуданд. Баъзеҳо даромади чилларо аз 22 декабр ҳисоб мекунанд, ки ин тибқи ҳисоби ориёӣ мебошад.

Аммо дар байни мардум тарзи дигари ҳисоби чилла ҳам мавҷуд аст, ки аз ҳисоби туркӣ-муғулӣ гирифта шудааст. Тибқи ин ҳисоб аз 22 декабр то 22 март 90 рўз шуморида мешавад, ки онро «тўқсан» меноманд. Дар ин ҳисоб 40 рўзи мобайнӣ чилла аст ва 25 рўзи аввал ва 25 рўзи охир рўзҳои зимистон дониста мешавад. Баҳсҳо ҳам аз сабаби надонистани ин ҳисобҳо дар байни мардум ба вуҷуд меоянд.

Худи маънои калимаи Сада – пайдо шудан, зоҳир гардидан, намудор шудан буда, аз калимаи «санд»-и авастоӣ будааст ва маънояш берун шудан мебошад. Ба андешаи мо онро ба калимаи сад, яъне шумораи сад алоқаманд кардан нодуруст аст. Азбаски дар асрҳои миёна мардум маънои аслии Садаро, ки зоҳир гаштан аст нафаҳмиданд, онро ба шумораи сад иртибот доданд ва 50 шабонарўз пеш аз Наврўз расидани он имкон дод, миқдори шаб ва рўзро бо ҳам ҷамъ карда «сада» гуфтанд. Барои он ки ин ҳисоб дуруст барояд, дар шаб оташ меафрўзанд ва шаб ҳам мисли рўз аст гуфтаанд.

Яъне Митро ба воя расид ва берун шуд. Дар иртибот ба ин маънои Ялдо бошад, ба забони сурёнӣ шаби мавлуд ва ё худ таваллуд аст.

Дар гузашта чунин расм будааст, ки аз Шаби Ялдо оғоз карда то ҷашни Сада мева ва рустаниҳои рангашон сурхро, ки ифодагари гармӣ ва оташ аст, мардум истеъмол мекардаанд. Хўрдани анор, нок ва себи сурх, тарбуз тавсия дода мешудааст. Ин одат, яъне истеъмоли меваҳои сурх аз Шаби Ялдо то Сада то кунун дар байни тоҷикон дар минтақаҳои гуногун ҷой дорад ва ҳатто истеъмоли меваҳои рангаш сурхро дар шаби чилла муллоҳо ҳам тавсия кардаанд. Фолклоршиносон дар Ҳисор ва Бадахшон суҳбати муллоҳоро сабт кардаанд, ки яке аз онҳо гуфтааст: «Дар шаби чилла тарбуз хўрдан савобай».

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ доир ба пайдоиши ҷашни Сада устураи дигари ориёӣ оварда шудааст, ки пайдоиши оташ ва ин ҷашнро ба подшоҳ Ҳушанг нисбат додааст. Абулқосим Фирдавсӣ варианти дигари устураи пайдоиши Садаро бо коркарди адабӣ дар «Шоҳнома» овардааст.

Дар фарҳанги мардумии тоҷик бисёр унсурҳо ва маросимҳо боқӣ мондаанд, ки аз анъанаҳои ҷашни Сада боқӣ мондаанд. Барои мисол анъанаи «аловпара»-ро метавонем ба хотир оварем. Маъмулан, дар ҷашни Сада гулхан афрўхта, мардум аз болои он меҷаҳиданд. «Аловпара» то кунун дар баъзе минтақаҳо ҷой дорад.

Солҳои шастуми асри гузашта «аловпара» дар байни мардуми Хуҷанд низ хеле маъруф буд. Он дар фасли зимистон, дар айёми чиллабаро ташкил карда мешуд. Кампири куҳансол дар кўча бо ҷамъ кардани хасу ҳезум дар се ҷой гулхан меафрўхт. Дар ибтидо худи кампир ва баъд калонсолон аз болои гулхан меҷаҳиданд. Сипас вақте ки алангаи гулхан каме паст мегашт, хурдсолонро мегуфтанд, ки аз болои оташ гузаранд. Гуфта мешуд, ки гузаштан аз болои оташ боиси пок шудан ва тозагӣ мегардад. Барои ҷаҳидан аз болои се гулхан аз ду тараф одамон ҳаракат мекарданд. Ҳангоми дар ҷойи кушод бо ҳам вохўрдан ангуштони хурди дасти росташонро ба ҳамдигар медоданд ва сипас онро ба абрувонашон мемолиданд. Ин таомулро мо аз гуфтаҳои сокини шаҳри Хуҷанд М.Оқилова сабт кардем.

Маънои ба ҳам ангуштонро додани ду нафар маънои бахшиши гуноҳи ҳамдигарро дорад. Онҳо бо ҷаҳидан аз оташ пок шуданд ва ҳамдигарро бахшиданд. Ба ибораи дигар гўем, бо ҳам оштӣ мешаванд ва гармии оташро ба дидагонашон мемоланд.

Оатш афрўхтан дар болои боми хонаҳо ҳам ҷой дошт. То кунун дар зимистон ва ҳангоми чилла занони куҳансол болои бом нукча меафрўзанд, ки онро ҳам як нишони боқимонда аз Садаи фаррухфол гуфтанамон мумкин аст.

Дар таърихномаҳои куҳан доир ба шукўҳи баргузор гаштани ҷашни Сада дар аҳди Сомониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён ва Салҷуқиён маълумот дода шудааст. Шоирони аҳди Ғазнавиён – Фаррухӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон доир ба ҷашни Сада қасида ва мусамматҳо эҷод кардаанд. Сада то давраи истилои муғулҳо дар дарборҳо бо шукўҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешудааст ва баъдан анъанаҳои он дар байни мардум боқӣ мондааст.

Дар асарҳои таърихӣ доир ба баргузор гаштани ҷашни Сада дар Исфаҳон маълумот дода шудааст. Мардовиҷи Зиёрӣ яке аз ҳокимони вақт дар ҷашнгоҳ оташеро афрўхта мебинад, ки аз чандин фарсах ба назар мерасид. Суфраи шигифтангезеро дар мобайни саҳро кушода буданд ва ба дастурхони идона ҳазорон гову гўсфанд ва парандаро забҳ карда буданд. Аммо ҳамаи ин шукўҳ ба Мардовиҷи Зиёрӣ писанд наомада буд. Аз ин нақл хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҷашн дар асрҳои миёна хеле пуршукўҳ баргузор мегаштааст.

Дар сарчашмаҳо нақл гаштааст, ки дар ҷашни Сада дар бозорҳо барои кўдакон сурнайи сафолин, буқи сафолин ва дар Наврўз бошад, сипару шамшери чўбин мефурўхтанд. Дар ҷашнҳо ҳайкалчаҳои ҷонварон, лўхтакҳо ва дигар бозиҳоро барои бачагон пешниҳод мекарданд.

Оташ афрўхтан дар ҷашни Сада яке аз таомулҳои қадима ба шумор меравад. Деҳқонон хокистари гулхани Садаро табаррук шуморида онро ба заминҳо мепошидаанд.

Аз як тараф афрўхтани оташ дар майдонҳои кишт ба назар мерасид, ки заминҳоро аз хору хасу бута тоза мекарданд. Хасҳои ҷамъшударо оташ мезаданд ва бо ҳамин кор заминро барои кишт омода мегардониданд.

Дар Хуросон таронае ҳаст, ки тибқи он шуморидани Сада ва дигар идҳо хеле осон аст. Дар ин тарона омадааст:

Ой Сада, Сада, Сада,

Сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврўз.

Аз ин тарона муайян мегардад, ки баъди 50 рўзи Сада Наврўз ва баъди 100 рўзи он мавсими пухта расидани ғаллаи аввалин аст. Воқеан ҳам ҳамин тавр аст, баъди 100 рўзи Сада ҷави аввалин ва зардолуи аввалин, ки онро дар Хуҷанд «ҷавпазак» мегўянд, мепазанд.

Дигар тарона низ ҳаст, ки ба корҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ далолат дорад:

Сад ба Сада, сӣ ба гала,

Панҷоҳ ба Наврўз, ҳо бала.

Дар ин тарона сӣ ба гала ишора ба он аст, ки пас аз сӣ рўзи Сада чорворо ба дашту адир баровардан мумкин аст. Ба ҳамин монанд дар ҳисоби мардумӣ чиллаи чўпон ҳаст. Яъне чиллаи чўпон баъди сӣ рўзи Сада мебарояд ва чорворо ба чарогоҳҳо баровардан хатар надорад.

Барои деҳқонони тоҷик фарорасии Сада фурсате буд, ки деҳқонон тухмиҳоро барои кишт тайёр карда мемонданд. Ҷашни Сада иртиботи қавӣ бо табиат, бо кору бори деҳқонон дорад ва пайванди он ба ин ё он дин ба назар намерасад.

Хушбахтона, 5 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон Сада ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Табрикоти расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мунсоибати фарорасии ин ҷашн ба мардум расонида мешавад. Эҳёи ҷашни Сада – як роҳи боло бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва хотираи таърихии мардуми тоҷик мебошад.

Ислом Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ