(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТУҒ «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте»-и шаҳри Хуҷанд лоиҳаи “Истифодаи нерӯи алтернативӣ” ё худ “Насби системаи офтобӣ”, ки таи 2 сол инҷониб роњандозї шуда истода буд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар доираи лоиҳаи амалкунанда аз тарафи мутахассисони ҶДММ “Технологияҳои Сабз” дар гимназия насби таҷҳизоти офтобӣ амалӣ карда шуд. Мутахасисон тамоми ноқилҳои вобаста ба гармидиҳии офтобиро насб намуда, дар бомҳои муассиса таҷҳизоти аз офтоб энергия қабулкуниро ҷойгир намуданд. Дар сурати истифодаи он муассисаи таълимии мазкур пурра аз энергеияи офтоб истифода бурда, ба ин васила нерўи барқро сарфа менамояд.

Ҳамзамон аз тарафи мутахассисони ҶДММ “Технологияҳои Сабз” ба як гурӯҳ омӯзгорон, шахсони мутасаддӣ ва талабагони гимназия ҷиҳати истифодабарии таҷњизот омӯзишҳо гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки ин ширкати ватанӣ таҷрибаи кофӣ дар ин самт дошта, то ин муддат дар қаламрави мамлакат якчанд лоиҳаҳоро амалї намудааст.

Гимназия бо ин иқдом дар кишвар аввалин муассисаи таълимие мешавад, ки дар фаъолияти худ нерӯи сабзро васеъ истифода карда, дар сарфаи барқ ва пешбурди соҳаи нерӯи сабз, равнақ додани иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузорад ва минбаъд низ корҳои созандаи худро барои ҳалли проблемаҳои экологӣ давом медиҳад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанўз соли 2019 хонандагони гимназия Таҳминахон Холиқова ва Далер Дадобоев бо роҳбаладии омӯзгори экология Заррина Мирзошарипова дар финали XI озмуни байналмилалии экологӣ иштирок намуда, ба гирифтани мукофоти султони АМА Зайд ибн Султон ба маблағи 100000 доллар ноил шуданд. Дар ин озмуни бонуфуз аз 130 давлат 2100 лоиҳаҳо пешкаш шуда, лоиҳаи дастпарварони гимназияи Гёте ғолиб дониста шуда буданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд