(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд дар ин муассиса, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда шуда, ду адад гармхонаҳо бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд ва дар он наздик 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта истодаанд.

Ҳамзамон дар ин муассиса бунёди гармхонаҳои нав, азнавсозии даромадгоҳи муассиса, мағозаи фурўши гулу кўчат ва нуқтаи маслиҳатдиҳӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад. Дар зудтарин фурсат гармхонаҳои дигари муассиса ба кор андохта шуда, ба манфиати молии коргоҳ мутобиқ гардонида шавад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии замини муассиса тадбирҳо андешида шуд, дар қитъаҳои алоҳида кишти кабудиҳою сабзавот барои таъмини бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон ҷиҳати парвариши дарахтони нодир, ки минбаъд дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр шинонида мешаванд, чораҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.

Масъулини «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд