(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни як боздид аз раванди бунёд ва фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр шиносоӣ ба амал оварданд.

Нахуст дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бо фаъолияти корхонаи «Хуҷандагро» ошноӣ пайдо карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи «Хуҷандагро» барои хушксозии пиёз аз Аврупо таҷҳизоти навтаринро ворид месозанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намоянд. Айни замон дар корхона дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ коркард мегардад.

Алҳол дар «Хуҷандагро» 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуда, истеҳсолот бо истифода аз таҷҳизоти истеҳсоли Россия, Чин ва Украина ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони бурунмарзӣ бунёд гардида, ба коркарди меваю сабзавот машғул аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз корхонаи мазкур бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат таъкид кард, ки роҳбарияти корхона бояд барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд. Инчунин захираи зарурии ашёи хом зарур шуморида шуда, пешниҳод гардид, ки бо назардошти зиёд будани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда кор дар ду баст ба роҳ монда шавад.

Дар минтақаи шимолу шарқии саноатии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равғани омехтаи ҶДММ “Субҳи заррин”, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли равғани омехтаи ҶДММ “Субҳи заррин” ба истеҳсоли навъҳои гуногуни равғани зард ва маргарин машғул буда, маҳсулоти хоми коргоҳҳои ширии дохилиро коркард менамояд. 5 навъи маҳсулоти тайёри корхонаи мазкур алҳол ба бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Иқтидори шабонарўзии корхона то 1600 кило маҳсулоти тайёрро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов ба истеҳсоли 7 намуд нони хушки реза машғул буда, беш аз 30 нафар фаъолияти пурсамар доранд. Дар корхона бо иқтидори мавҷуда нон тайёр шуда, сипос онро бо технологияи махсус хушк карда, маҳсулоти нони хушки реза тайёр менамоянд, ки маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ мешавад. Дар як шабонарўз беш аз 800 кило маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати пурра истифода намудани имкониятҳои корхона, таъмир намудани деворҳои иҳотавии он ва батартибдарории майдон супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд