(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд.

Дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бунёди маркази муосири савдо «Амид» бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз бо маблағгузории ҶДММ «Амид» аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ «Тиниал» бунёд шуда истодааст.

Корҳои сохтмонӣ аз оғози соли ҷорӣ бо ҷалби беш аз аз 20 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони баландихтисоси ватанӣ бомаром идома дорад. Маркази муосири савдо «Амид» аз ду ошёна иборат буда, баъди истифодадиҳӣ ба фурўши маҳсулоти озуқаворӣ ва хизматрасонӣ машғул мешавад.

Дар дохили мағоза барои истироҳату бозии кўдакон гўшае ташкил мегардад ва баистифодаиҳии як тарабхона низ ба нақша гирифта шудааст.

Баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани маркази муосири савдо «Амид» то 80 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассис ба пудратчии иншоот ҷиҳати бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд намудани маркази савдо то рўзҳои таҷлили Наврўзи байналмилал ва бо назардошти унсурҳои миллии меъморӣ ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки феълан дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҶДММ «Амид» ду маркази савдо фаъолияти густурда дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо раванди азнавсозии кӯдакистони №35 низ ошноӣ пайдо намуд.

Кўдакистони мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ мегардад, ки он дар яке аз маҳаллаҳои сераҳолитарини шаҳр-Мевағул, микроноҳияи 13-ум ҷойгир буда, он барои 420 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст. Алҳол тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 5 бинои ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, чун ҶДММ «Муҳандис» ва ҶДММ «Юсуф 2016» корҳои сохтмонӣ бо харҷи лоиҳавии 9 миллион сомонӣ оғоз гардида, корҳо бомаром идома дорад.

Зимни навсозии кӯдакистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ тамоми имконоти инфрасохтори муосир ба назари эътибор гирифта шуда, масъулини Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост»-и шаҳр бобати обод гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо дар ин мавзеъ ва инчунин ороиши биноҳои баландошёнаи атрофи кӯдакистон вазифадор гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд