(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷанд, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2020 мавриди баррасӣ гардиданд, ҳамзамон оила, кўча ва маҳаллаи беҳтарини шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда муайян ва онҳо бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2020 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2021 муайян карда мешаванд.

Ҳамин тавр, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон оилаи Бобоҷоновҳо, ки дар маҳаллаи Мевағул истиқомат доранд, аз оилаҳои беҳтарини шаҳр дар соли сипаришуда эълон карда шуд.

Кўчаи Инъом Деҳқонови маҳаллаи «Ваҳдат», Мирзоҳабиб Бақоеви маҳаллаи «Тути калон» ва Абўмаҳмуди Хуҷандии маҳаллаи "Чашмаи арзана" дар озмуни «Кўчаи беҳтарин» мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Ба сифати «Маҳаллаи беҳтарин» кумитаи маҳаллаи «Тиллокон» эътироф шуда, маҳаллаҳои «Чорчароғ» ва «Содирхон Ҳофиз» мақомҳои дуюм ва сеюмро дар ин озмун касб намуданд. Ба ғолибон Вимпел, Диплом ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳузури фаъолон супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд