(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТашкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо фармоиши Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Тоҷикистон дар байни ҷавонони шаҳри Хуҷанд маъракаҳои иттилоотӣ гузаронид.

Гурӯҳи мақсадноки зерлоиҳа барои ҷалби наврасону ҷавонон ба барномаҳои СММ дар Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бинес ва сиёсати Точикистон, МТУЩ (хусусии) “Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте”, МТУҒ “Паймон”, “Литсеи Донишкадаи политехникӣ” вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронида, оиди мақсадҳои СММ, ба амсоли нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ, ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон маълумотҳо дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар байни наврасон ва ҷавонони муассисаҳои таълимии интихобшуда озмуни “Таҳияи лоиҳаи беҳтарин бахшида ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттаҳид ва фаъолияти он дар Тоҷикистон” эълон карда шуда буд.

Озмун байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд санаи дар толори МТУҒ (хусусии) “Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте” ҷамъбаст карда шуд. Хонандагон дар лоиҳаҳои худ маълумотҳоро оиди таърихи СММ, низомномаи СММ, декларатсияҳо, конвенсияҳои СММ, сохтори СММ, фаъолияти СММ, ҷоизаи Нобелӣ, забонҳои расмӣ, аъзоёни СММ таҷассум намуданд. Ба ҳар се муассисаи таълимӣ тахтаи электронӣ ва ба ғолибони озмун Сипосномаҳоро роҳбари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Тоҷикистон дар ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи зиёиёни илми-техникии Тоҷикистон" Сурайё Саидова ва намояндаи Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбари кабинети методӣ Муаттар Ёқубова супорида шуд.

Директори МТУҒ (хусусии) “Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте” Фируза Каримова минатдории муассисаҳои таълимиро барои гузаронидани чорабинии мазкур ба маблағгузорони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи зиёиёни илми-техникии Тоҷикистон" расонид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд