(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТУҒ «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте»-и шаҳри Хуҷанд лоиҳаи “Истифодаи нерӯи алтернативӣ” ё худ “Насби системаи офтобӣ” таи 2 сол инҷониб амалӣ шуда истодааст. Дар доираи лоиҳи амалкунанда моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 мутахассисони ҶДММ “Технологияҳои Сабз” (Green Technologies) дар гимназия насби таҷҳизотҳои офтобиро ба амал оварданд. Таи 3 рӯзи ҳафтаи ҷорӣ аз тарафи мутахассисони ин ширкат Баҳрулло Каримов ва Низом Раҳмонов ба як гурӯҳ омӯзгорон, шахсони муттасаддӣ ва талабагони гимназия омӯзиши техникӣ оид ба “Манбаҳои алтернативии нерӯи сабз” гузаронида шуд.

Рӯзи аввал ба иштирокчиён аз тарафи ҶДММ “Технологияҳои Сабз” (Green Technologies) либосҳои нави корӣ туҳфа карда шуд. Мутахассисон ҳозиринро бо барномаи ширкат, технологияҳову таҷҳизотҳои насбкардашуда, тарзи бадастоварӣ, истифодабарии манбаҳои барқароршавандаи энергия ва бо бартариҳову дурнамои нерӯи офтобӣ шинос карданд. Иштирокчиён, асосан хонандагони синфҳои 9-10 дар омӯзиш фаъолона ширкат варзиданд. Лоиҳаи “Насби системаи нерӯи офтобӣ” ба МТУҒ (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте» имконият медиҳад, км синфхонаҳову утоқҳоро, ки бо компютеру лавҳаҳои электронӣ ва системаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, аз хомӯшии ногаҳонии барқ ҳифз намояд. Гимназия бо ин иқдом дар кишвар аввалин муассисаи таълимие мешавад, ки дар фаъолияти худ нерӯи сабзро васеъ истифода карда, дар сарфаи барқ ва пешбурди соҳаи нерӯи сабз, равнақ додани иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузорад ва минбаъд низ корҳои созандаи худро барои ҳалли проблемаҳои экологӣ давом медиҳад. Инчунин рӯзи охири семинар ба иштирокчиён оид ба насби панелҳои офтобӣ ва пайвасти қисмҳои асосии шабакаи барқии офтобӣ ва бакордарории он омӯзиши таҷрибавӣ баргузор гардид. Дар анҷом аз тарафи ҶДММ “Технологияҳои Сабз” (Green Technologies) барои иштирок ва гузаштани омӯзиши техникӣ сертификат супорида шуд.

Бояд қайд кард, ки соли 2019 хонандагони гимназия Таҳминахон Холиқова ва Далер Дадобоев бо роҳбаладии омӯзгори экология Заррина Мирзошарипова дар финали XI озмуни байналмилалии экологӣ иштирок намуда, ба гирифтани мукофоти султони АМА Зайд ибн Султон ба маблағи 100000 доллар ноил шуданд. Дар ин озмуни бонуфуз аз 130 давлат 2100 лоиҳаҳо пешкаш шуда, он вақт ба даври финалӣ аз 6 қитъаи ҷаҳон 31 даста таклиф карда шуда буданд. Дастаи МТУҒ (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте» лоиҳаи худро дар номинатсияи «Саҳми муассисаҳои таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ» оид ба истифодаи энергияи алтернативӣ (энергияи офтоб) байни дастаҳои қитъаи Евраазия пешниҳод намуда, аз рақибони худ Англия ва Армения дастболо шуд ва дар қатори 10 нафар барандагони ҷоиза (дастаҳо аз Суб-Сахара, Гватемала, Филлипин, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Дубай ва 4 ширкатҳои бонуфуз «We Care Solar», «Sanku», «BBOXX», «ECOSOFTT») эълон гардид. Дар давраи 3 сол бояд гимназия пурра аз мукофот истифода намуда, таҷҳизоти офтобиро дар муассиса насб намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то ин дам таъсисдиҳандагони озмун аллакай 2 маротиба ба суратҳисоби гимназия аз маблағи пешбинишуда фиристоданд ва то ин дам боми гимназия аз таъмир бароварда шуда, аз тарафи ҶДММ “Технологияҳои Сабз” (Green Technologies) насби таҷҳизоти офтобӣ ба охир расонида шуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд