(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмруз аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, масъулини Шӯрои собиқадорони шаҳр ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд собиқадори хизмати давлатӣ Назира Атабекова мавриди аёдат қарор дода шуд ва ҳамзамон бонуи ҳалиму хоксору меҳрубон, инсони соҳибназару соҳибфазилатро бо синни 80 солагиаш таҳният намуданд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати 80 солагии ин бонуи матинирода ва заҳматкаш расонида, аз ҷумла таъкид доштанд, ки фаъолияти ибратбахши чунин занони собиқадор барои насли ҷавон мояи ифтихор ва пайравист. Зеро Назира Атабекова фаъолияти пурсамари хешро баҳри хизмати содиқона ба нафъи миллат ва Давлату Ҳукумат сарф намуда, баҳри пешрафти ҷодаҳои гуногуни ҳаёт нақши муассир гузоштааст.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти меҳнатии ин бонуи ҳалиму хоксору мехрубон, инсони сохибназару соҳибфазилату соҳибэҳтиром, модари мунисаву мушфиқ, модарбузурги дуогӯву ғамхор солҳои тӯлонӣ дар вазифахои пурмасъули мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, дар вазифаҳои масъули дастгоҳи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- макомоти олии конунгузори кишвар кор кардааст. Мавсуф ба ҳайси мудири шуъбаи умумии Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, мудири шуъбаи махфии Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, сардори Дастгоҳи Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, мудири шуъбаи арзу шикоятҳои шаҳрвандони Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, сардори шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Боиси зикр аст, ки Назира Атабекова дар мақомоти қонунгузории мамлакат беш аз 25 сол хидмат намуда, хешро ҳамчун шахси меҳнатқарин, сарсупурда ба кор ва инсони хоксору халим, соҳибфазилату кордону маърифатпарвар нишон дода, сазовори обрўву манзалати воло гардидааст. Натиҷаи ҳамин хидматҳои нек ва амалҳои шоёни мавсуф буд, ки барои фаъолияти назаррас аз ҷониби давлату Ҳукумат борҳо қадршиносӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд