(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд, ки дар дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияҳои 4-6-и шаҳри Хуҷанд бомраом идома дорад, ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтааст. Бинои асосӣ аз таҳхона, ва 5 ошёна иборат буда, бунёди 10 ҳуҷраҳои ёрирасон дар атрофии бино ба назар гирифта шуда, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 8 500 000 сомониро дарбар мегирад.

Дар таҳхона 7 утоқи корӣ ҷойгир гардида, баро шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ҷойи нишаст ва ошхона дар як вақт хизматрасонии ба 50 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои кори кормандон бунёд мешавад. Дар ҳуҷраҳои ёрирасон, ки дар атрофии бино асосӣ ҷойгир шудааст аз утоқи қабули намунаҳо, таваққуфгоҳ баро воситаҳои нақлиёт, анбор, утоқҳои корӣ барои ташхиси маҳсулотҳои нафтӣ, зеристгоҳи барқӣ ва дегхона муайян гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди бино дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд