(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баҳри дар амал табиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили бонуи собиқадор Биазиза Гулматова, ки дар пешрафти ҷамъият ва ободии Ватан саҳми муассир гузоштааст, рафта, ин бонуи матиниродаро бо 100 –умин солгарди умри бобаракаташ табрику таҳният намуд.

Фирдавс Шарифзода, зимни тақдими номаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 100 солагии Биазиза Гулматова аз хизматҳои мавсуф дар фабрикаи дўзандагии шаҳр тавсиф намуда, онро намунаи олии пайравӣ ва омӯзанда ба насли имрўза унвон намуд. Таъкид шуд, ки ҳастии чунин инсонҳои нексиришту фидоии халқу меҳан ҳамеша дар ҷавҳари сиёсати Давлату Ҳукумат қарор гирифтааст ва заҳмати онҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Бояд қайд намуд, ки Биазиза Гулматова, заҳматкаши ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буда, шавҳараш Одина Гулматов мисли дигар мардони бовиқори ватандӯст ба майдони набард рафт ва муқобили душман ҷангид. Ҳарду зану шавҳар барои ватан содиқона заҳмат кашиданд.

Мавсуф 6-уми январи соли 1921 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсола ба фабрикаи дӯзандагии ба номи Крупскаяи шаҳри Хуҷанд ба фаъолият пардохт. Дере нагузашта, ҷанги хонумонсӯз оғоз ёфту кори Биазиза дучанд шуд. Ӯ қатори дигар ҷавондухтарон барои фронт либос медӯхт. Баъдан, соли 1945 самти корашро ба Комбинати бофандагӣ давом дод. Дар ин макон низ софдилона хизмат намуд, барои рушди соҳаи саноат саҳми муносиб гирифт. То соли 1972, яъне то синни нафақа дар ин коргоҳи бузург заҳмат кашид.

Бонуи заҳматқарин Биазиза Гулматова аз ин таваҷҷуҳу қадршиносӣ болида гардида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро расонида, баҳри ободии Ватан ва амну осоиштагии он дуои нек намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд