(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи силсиламулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохўрии навбатии вакили парлумони мамлакат Гулбаҳор Назирӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз бахшида, ҳадафи онро ба ҳозирин шарҳ дод.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастоварди муҳими Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад ва мазмуну моҳияти соҳибистиқлолиро ба ҳозирин шарҳ дода, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, ватан, ватандорӣ, худшиносиву, худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Он бояд ғояи муттаҳидкунанда ва рушди фарҳанги миллии мо бошад. Зеро маҳз музаффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сӯи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳнамун месозанд. Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик дар аввалҳои солҳои 90 -уми асри ХХ муяссар гардид, ки бо ҳамин орзуву омоли чандҳазорсолаи фарзандони ин миллат ҷомаи амал пӯшид. Аммо дар баробари рӯҳбаландию қаноатмандӣ, сарфарозӣ ва ифтихор аз миллати тамаддунофар будан, арҷ гузоштан ба таърихи гузаштаи худ, мо бояд ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, унсурҳои сиёсию миллӣ, этникию фарҳангӣ ва арзишии он аҳамияти зарурӣ диҳем. Истиқлолияти миллӣ бояд идеологияи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, рушду эътибори инкишофи шахсият, айнияти миллӣ ва сари баланду рӯйи сурхи мо тоҷикон бошад.

Гулбаҳор Назирӣ, ҳамзамон Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик»-ро низ шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки сарфаи ҳар як килловат неруйи барқ ба манфиати худи мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз фарҳанги истифодабарии онро мо ба мардум фаҳмонем, ки ба манфиати иқтисодиашон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дигарон доир ба масоили рўзмарра ибрози андеша намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд