(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altХуҷанди бостониро бо зебу зиннаташ, ободиву гулгашти мусаффояш ва билкул тозаву дилкаш буданаш мешиносанд. Хуҷанди қадимаи ҳамешаҷавон бо зебогиву дилрабоияш кайҳои унвони “Арўси ҷаҳон”-ро гирифтааст.

Бале, ин шаҳри бостониро ҳамагон дўст медоранд. Оби тозаву ширин, кўҳҳои баландаш, ҳавои мусоидаш, одамони меҳнатқарину ботарбияаш ҳамеша вирди забони ҳамагон қарор дорад.

Солҳои охир, махсусан баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо рў ба тараққии том ниҳод. Ба ҳама шаҳру навоҳии диёрамон алоҳида таваҷҷўҳ дода шуд. Ҳар шаҳру навоҳӣ ба марҳила ба марҳила обод гардида, ба дили сокинонаш шодив нишотро афзун кард.

Бояд қайд намд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам рушд ва равнақ ёфтани Хучандшаҳр чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир симои шаҳри Хуҷанд ба куллӣ тағйир ёфта, пешравиҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд. Қомат афрохтани биноҳои баландошёна, сохтани муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ бо тамоми шароит, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таҷдид ва азнавсозиву мумфаршкунии роҳҳо, бунёди маконҳои фароғатӣ, ободониву сабзкорӣ ва даҳҳо иншооти дар нақшабуда шаҳодат аз он медиҳад, ки Хуҷанди бостонӣ ҳамеша симояшро ҷило хоҳад дод. Гаштугузор дар ҳавои соф ва маконҳои фароғативу таърихӣ ба кас ҳаловати аҷиб мебахшад. Ҳамасола меҳмонон ва сайёҳони зиёд низ аз пойтахти кишвар ва хориҷи мамлакат дидан менамоянд, ки ифтихори сокинони Хуҷандшаҳр маҳсуб меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи воқеан биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ қарор дошта, эълом гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бозгўи пешрафти муносибат дар ин самт маҳсуб мегардад. Ҳар сайёҳи ба кишвари мо қадам ранҷанамуда ҳатман аз Хуҷанди бостонӣ дидан мекунад. Меҳмони хонадони тоҷикони инсондўст гардида, бо таассуроти олӣ ба давлаташ бармегардад. Метавон гуфт, ки Хуҷанди қадимаи ҳамешаҷавони мо муаррифгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон маҳсуб меёбад. Ин далелро ҳамагон кайҳо тасдиқ намудаанд.

Роҳбари давлат дар яке аз баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки : «Бовар дорам, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандўстӣ мо дар бунёди ҳазор иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии ба нақша гирифташуда фаъолона ширкат варзида, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандўстонаи худро мегузоранд».

Дар ин асос, сокинони ҷумҳурӣ бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ташаббусҳои наҷибона саҳми худро дар ободонии диёр мегузоранд.

Бале, дар васфи кишварамон, хоса зодгоҳи азизамон-Хуҷанди бостонӣ сухан гуфтани олӣ гуфтан меарзад. Зеро ин шаҳри ҳамешасабз ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшад.

Аммо…мутаассифона, боиси нигаронист, ки бархе сокинон ва ё меҳмонон ба қадри чунин неъмат, ғамхориву меҳрубонӣ намерасанд. Гўё тамоми заҳмати масъулин ва ашхоси хизматрасони тозагиро нодида мегиранд. Исботи сухан он аст, ки вақтҳои охир дар бисёр минтақаҳои шаҳр, махсусан нуқтаҳои партовпартоӣ бемаданиятӣ дида мешавад. Бархе шаҳрвандон ифлосии хонаи худро ба ҷойи номувофиқ мепартоянд. Ифлосиҳои хонаи худро ба кўдаконашон дода, намеандешанд, ки оё онҳо ба ҷойи мувофиқ мепартоянд? Ё худ, шаҳрвандон ифлосиҳои худро аз дур истода, ба қуттиҳо ҳаво медиҳанд, ки ба ҳаво тит мегардад. Аз мошинҳои шахсӣ низ ифлосиҳои хонаашонро ҳаво медиҳанд, ки он то қуттии партов намерасад ва симои он ҷоро коста мегардонад. Ин манзара, мутаассифона шояд ба онҳо маъқул бошад. Чунин ба назар мерасад, ки ба бархе шаҳрвандон ифлосиву бетартибӣ мақбул аст. Ягон зарра фикр намекунанд, ки шаҳр иқоматгоҳи ҳамагон аст, молу молу мулкаш, заминаш моликияти давлат аст. Пас, чӣ ҳаққу ҳуқуқ дорем, ки моликияти давлат ва иқоматгоҳи одамонро аз ифлосӣ пур кунем.

Вобаста ба масъалаи ба ҷойи номувофиқ партовпартоии шаҳрвандон ба идораи Хизматрасонии нақлиётӣ мроҷиат кардем. Директори ин муассиса Ҳайдар Эшонқулов хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила қуттиҳои партов нав мешаванд. Ба ҷойи фарсудашуда қуттиҳои нави замонавӣ гузошта мешаванд. Алҳол дар 175 нуқта 780 қуттии партоф гузошта шудааст. Ҳамарўза дар се баст партовҳо бардошта мешаванд. Дар як ҳафта 2 маротиба корҳои безараргардонида гузаронида мешавад. Бо маҳлулҳои махсус тоза намуда, безарар мегардонанд. Дар шаҳри Хуҷанд 31 автомашинаи партовкашон дар хизмат аст. Кор аз рўи реҷа ҷараён мегирад.

Дар маҷмўъ, мо шаҳрвандон вазифадорем, ки шаҳрамонро тозаву озода нигоҳ дорем. Маданияти шаҳрдориро риоя кунем ва шаҳрамонро ба макони биҳиштосо табдил диҳем.

Таҳмина АЮБОВА