(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи шуъбаи маориф олимпиадаи шаҳрии “Spelling Bee” аз фанни забони англисӣ гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории Олимпиадаи “Spelling Bee” баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омўзиши забони англисӣ дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва дарёфти хонандагони болаёқат равона карда шудааст. Дар Олимпиадаи “Spelling Bee” 46 нафар толибилмон мувофиқи дархости муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Тибқи хулосаи доварон 6 нафар толибилмон щолиб дониста шуданд ва ба олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки инҳо: ҷойи 1 - хонандаи синфи 6 МТМУ №15 Комилҷонова Мухлиса ва хонандаи синфи 7 гимназияи №4 Ибодуллоев Манучеҳр, ҷойи 2 - хонандаи синфи 7 МТМУ №10 Назрова Синоз, хонандаи синфи 7 МТМУ №11 Насулоев Абўбакрхўҷа, хонандаи синфи 7 гимназияи №13 Тоҷибоев Далер ва хонандаи синфи 7 литсейи «Рустамов» Махкамов Амирҷон, ҷойи 3 – хонандаи синфи 7 МТМУ №9 Шоҳинабону Маъруфзода, хонандаи синфи 5 МТМУ №18 Ризоев Фирдавс, хонандаи синфи 7 МТМУ №31 Мамадҷонов Довар, хонандаи синфи 7 МТД БХБ Фаридунзода Фарзина,хонандаи синфи 7 МТУҒ «Пўлотов» Рауфзода Муҳаммадсаид, хонандаи синфи 7 ЛБХБ Шўҳрати Азиза гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд