(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСАДА ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁИСТ

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллати мо дар садаи ХХI ба ҳисоб рафта, ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд гашт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақилу ягона, демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Боиси сарфарозист, ки ба шарофати ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму ойинҳои ниёгон, ки дар рушди тамаддуни башарӣ асос гузоштаанд, эҳё гардиданд ва аҳли ҷомеа онҳоро хуш пазируфт. Ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар шумори идҳои миллию мардумӣ маҳсуб меёбанд, ки замоне ба ҳукми фаромӯшӣ расида буданд.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаю мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Ба ифодаи мардум, иди Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол карда мешуд.

Мутафаккири тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ қайд мекунад, ки аҷдодони бузурги мо шабу рӯзро дар алоҳидагӣ ҳисоб мекарданд ва аз даври чиллаи калон, яъне иди Сада то расидан ба ҷашни Наврӯзро 100 шабу рӯз мешумурданд. Яъне, иди Сада дар поёни чиллаи калон чун муждае аз наздик расидани баҳор таҷлил мешуд. Деҳқонон дар шаби Сада гулханҳои бузург меафрӯхтанд, шодиву хушҳолӣ менамуданд ва аз омадани фасли баҳор, айёми кишту кор шукрона мекарданд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим баъдан чун ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин нафаре буд, ки ба истихроҷи филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи махсус дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегардид. Шоири тавоно Фаррухӣ (асри ХI) ҷашни Садаро чунин тавсиф намудааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Иди Сада ва таҷлили он аз он дарак медиҳад, ки мардуми ориёинажод дар гузаштаи дури таърих соҳиби фарҳангу тамаддуни оламгир буд ва пас аз фосилаи вақт ин ойин эҳё гардид.

Ҳамаи ҳамшаҳриёни азизро бо иди Сада табрику таҳният мегӯям, орзу мекунам, ки осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор, зиндагии мардум аз шодиву нишот саршор ва пешравиву муваффақият ёр бошад.

Иди Сада - муждаи нахустини омадани фасли баҳор мубораку фархунда бод, ҳамшаҳриёни азиз!