(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Усмонҷон Ғаффоров рафта, мавсуфро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми профессор Усмонҷон Ғаффоровро дар ҷаҳони маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муассир арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон назир надорад ва он бемисл аст. Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.

Усмонҷон Ғаффоров аз ин таваҷҷуҳ болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии сиёсати оқилона ва раъиятпарваронаашон миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки дар баробари давлати пирӣ рондан алҳол дар таҳияи китобҳои илмиву публитсистӣ машғул аст.

Дар ҳамин ҷо профессор Усмонҷон Ғаффоров маҷмуъи мақолоти муҳаққиқонро бахшида ба фаъолияти эҷодиву илмиаш ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки муаррихи номвар ва ходими намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ, олим, олим, публитсист ва омӯзгори варзида Усмонҷон Ғаффоров дар рушду нумӯи муҳити илмиву таълимии кишвар хизматҳои бузург ба сомон расонида, беш аз 50 сол инҷониб ба таълиму тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи таърих дар мӯътабартарин муассисаҳои олии мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти илмию омӯзгории мавсуф бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ассистент, аспирант пайванди маҳкам дошта, марҳилаи оғози пажӯҳишоти илмиаш дар ҳамин муассисаи бонуфузи илмии кишвар сурат пазируфтааст. Баъди солҳои тӯлонӣ фаъолияти хешро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваст. Дар ҷараёни фаъолияти пурсамари хеш дар ин боргоҳи илму маърифат дар вазифаҳои муаллим, сармуаллим, дотсент, профессор, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, инчунин декани факултети таърихро ба дӯш дошта, барои ташаккули муҳити маънавӣ ва маърифатии донишгоҳ, тарбияи насли наврас, ба камон расонидани шогирдони зиёде муваффақ гардида, симои худро омӯзгори асил, устоди соҳибназар ва олими соҳибмактаб муаррифӣ карда тавонист. Ширкати фаъолонаи прфессор Усмонҷон Ғаффоров дар ҳаёти ҷамъияти вилоят ва ҷумҳурӣ аз саҳми назаррасаш дар густариши корномаҳои мухталиф дар ҷомеа паём расонида, садоқат ва вафодории хосаашро ба ормонҳои давлатдории миллии тоҷик бозгӯӣ мекунад. Усмонҷон Ғаффоров ба унвони Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили қонунгузории мамлакат ва таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, хоса дар бахши маориф ва илм хидматҳои шоистае аз худ зоҳир намудааст ва он дар таърихи низоми қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд