(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили як чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Қаҳрамони меҳнат Ҳамроҳ Тоҳирова, собиқадорони соҳаи маориф Файзинисо Ғафурова ва Рафоат Раҳимова рафта, онҳоро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пирони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳ Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуда, таъкид дошт, ки оғози соли нав, ибтидои таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хамчун соли таърихӣ дар саҳифаи таърих сабт мешавад.

Номбурда аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар кўтоҳтарин фурсат мо сатҳи камбизоатиро бамаротиб кам ва давлатамонро пешрафта намудем.

Бояд қайд намуд, ки Ҳамроҳ Тоҳирова соли 1965 дар вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардид, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» ва насибаш гашт. Ў вакили анҷумани ХХIV КПСС ва съездҳои ХIV, ХV, ХVI, ХVII, ХVIII Партияи коммунистии Тоҷикис-тон низ будааст. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, ў савори аспи ғурур набуд, балки фурўтан монд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардид ва ҳамон сол ба нафақа баромад. Чилу панҷ сол аст, ки нафақа мегирад, вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор нест, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекунад, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд