(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардўстона ва раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 350 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварони шаҳр кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари шумоён тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.

Рўбандаю покизакорон ва гулпарварон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд