Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари шумоён тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд. Рўбандаю покизакорон ва гулпарварон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Печать
(0 голоса, среднее 0 из 5)

altПо инициативе Исполнительного органа госвласти Согдийской области 29 и 30 декабря текущего года на территории возле Театра музыкальной комедии имени Камоли Худжанди пройдет ярмарка-продажа сельхозпродукции, кондитерских изделий, муки и масла.

На ярмарке предприятия и фермеры городов и районов области предложат жителям разнообразную продукцию, в том числе картофель, лук, морковь, мясо, рис, масло, фрукты, бахчевые, молочные и кондитерские изделия по ценам ниже рыночных до 30%.

Пресс служба
Председателя города Худжанда