(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баҳри дар амал табиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷиҳати бохабар шудани аз вазъи зиндагии собиқадорони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва шахсони ниёзманд ба манзили якчанд нафар сокинони маҳаллаҳои Чорчароғ, Қорӣ Раҳмат Қурбонов, Хуҷанд, Бофандаи шаҳр рафта онҳоро мавриди аёдат қарор дода, ба онҳо маводи хӯрокаи ниёзи аввал ва кӯмакҳои молӣ тақдим намуд.

Фирдавс Шарифзода зимни суҳбати самимӣ бо эҳтиёмандони маҳаллаҳои номбурда, таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумат ҷиҳати ғамхорӣ ва парастории чунин қишри ҷомеа ҳамеша омода буда, хидмати чунин ашхос доимо қадршиносӣ хоҳад шуд.

Аёдатшудагон Назирбой Пӯлодов, Вера Трешина, Муҳайё Исмоилова, Шарофат Абдурашидова ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу иқдомоти Давлату Ҳукумат сарфароз гардида, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд