(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як қатор бонувони барӯманди шаҳр, аз ҷумла Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Хунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова, собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова ва дигарон аёдат карда шуданд.

Шаҳрдор Фирдавс Шарифзода бонувони дар арсаи гуногуни хоҷагии халқ муваффақшударо бо Соли нави мелодӣ таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар соли пурфайзи 2020 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раъйи созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми мо, қадамҳои устувор гузошта шуд. Ҳадафи аслии ҳамагон аз тадбиру чорабиниҳои иҷтимоӣ, дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, таҳкими худогоҳиву худшиносии мардум, тарбияи наслҳои солиму огоҳ, тақвияти минбаъдаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Мутмаъинем, ки соли нави 2021 низ таҳти сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар бо дарки рисолати олии ватандорӣ дар якҷоягӣ барои гул-гулшукуфии Тоҷикистони азизамон дастҷамъона саъю талош хоҳем кард.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Хунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова ва собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, зикр намуданд, ки минбаъд низ бо андешаи ватандўстиву ватанпарварӣ ва ҳамдилу ҳамқисматӣ дар тарбия ва баланд бардоштани ҳисси меҳанпарварии шаҳрвандон саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд