(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯзҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ дар авҷ буда, шаҳрдорӣ, идораву ташкилот ва шаҳрвандони касбу кори гуногун бо ҳисси баланди зебоипарастӣ ҷойи кор, макони зист ва кӯчаву хиёбонҳоро хуррам гардонида истодаанд. Зеро ҳамагон медонанд, ки шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод шудани сарзамини аҷдодиамон мегардад.

Субҳи имрӯз низ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бех дарахтони нодири шашметраи Магнолия шинонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки чанд рӯз қабл бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Роҳбарияти вилоят ба шаҳри Хуҷанд навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан оварда шуданд ва дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳову марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр шинонда мешаванд.

Ин иқдом дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонии гирду атрофи шаҳр ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд