(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси Ширкати “Барқи тоҷик” Ғолибшоҳ Убайдзода, кормандон ва собиқадорони соҳа Рӯзи энергетика ва 25 солагии таъсисёбии Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷлил карда шуд.

Хол Ҳайдар муовини аввали Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи энергетикҳо иро намуд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: “Соҳаи электроэнергетикаи кишвари мо, ки дар асоси захираҳои пуриқтидори обии ҷумҳурӣ бунёд шудааст, рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад. Тараққиёти хоҷагии халқ, беҳбудии рўзгори мардуми вилояту ҷумҳурӣ аз пешравии ин соҳа вобастагии калон дорад. Ҳадафи муҳими имсола, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмини бефосилаи аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерўи барқ қадами қатъӣ ба сўи истиқлолияти энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз амалӣ гардидани сиёсати бобарори энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва садҳо километр хатҳои интиқоли нерўи барқ сохта, ба истифода дода шуданд”.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли барқчиёни шаҳрро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаи афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Яъне бидуни пешрафти он ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рўзгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз ин хотир масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, рўшании ҳар хонадон, ободию чароғонкунии кўчаю маҳалла ва шаҳру диёр равнақи ҳамаи соҳаи истеҳсолию ғайри истеҳсолӣ бениҳоят бузург аст. Тавре ҳамаи мо огаҳӣ дорем, яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки Тоҷикистони азизамон туфайли иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорад ва дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегии худ дар марҳилаи рушди босуръат қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми 5 соли охир ду зеристгоҳи барқӣ, яке дар соҳили рости шаҳр бо номи “Ваҳдат” ва дуюмӣ дар соҳили чапи шаҳр бо номи “Темурмалик” бунёд гардида, ҳамзамон системаи барқтаъминкунии шаҳр тариқи “Биллингӣ” ба роҳ монда шуд, ки давоми амалишавии тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ҳоло тибқи дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида таҷдиду навсозии нерўгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст. Ҳамаи ин тадбирҳо имконият фароҳам овард, ки дар кишвари азизамон аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ пурра бардошта шуда, барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ заминаи воқеӣ гузошта шавад.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба сарфарокорона истифода бурдани неруйи барқ изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамаи мо огаҳӣ дорем, ки чанде қабл муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” ба самъи мардуми шарифи кишвар расонида шуда, аз ҳар як фарди бонангу номуси миллат даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерўи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд.

Бояд хотирнишон созам, ки доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар махсус таъкид намуданд, ки «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст барои кам кардани талафоти нерўи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кўшиш намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар солҳои наздик ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем».

Воқеан ҳам агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерўи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Вобаста ба ин, имрўз дар шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерўи барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳисоби кормандони соҳаи идеологӣ, занон, ҷавонон, маориф, шабакаҳои барқӣ, назорат дар соҳаи энергетика, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо ва шахсони фаъолу барўманд гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, то имрўз бо 47 ҳазор нафар сокинон сўҳбату вохўриҳо гузаронида шуда, инчунин тариқи телевизионҳо ва радиоҳои маҳаллӣ, шабакаҳои ҷамъиятӣ ҳамарўза оиди бо сарфаю саришта истифода бурдани қувваи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ин буд, ки дар натиҷа дар ин давра талафоти нерўи барқ дар шаҳр то 9,5 фоиз коҳиш ёфта, пардохти маблағи он бошад 99,0 фоизро ташкил дод.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо изҳори қаноатмандӣ таъкид намуд, ки тайи 4-5 соли охир байни шабакаҳои барқтаъминкунии вилояту ҷумҳурӣ, шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд беҳтарин ташкилоти барқтаъминкунӣ бо дарназардошти ҳамаи нишондиҳандаҳо ба ҳисоб рафта, имрўз шоистаи ифтихори ҳар як корманди ин ташкилот мебошад. Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки кормандони шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд нишондиҳандаҳои баланди меҳнатии худро минбаъд низ дар сатҳи беҳтарин нигоҳ дошта, барои таъмини сокинони шаҳр бо қувваи барқи сифатнок ва ба роҳ мондани хизматрасонии хуби техникӣ фаъолияти худро идома хоҳанд дод.

Сипас, Ғолибшоҳ Убайдзода, муовини Раиси Ширкати “Барқи тоҷик” ва Аминҷон Шарифзода муовини Раиси Кумиҷрояи ҲХДТ дар вилояти Суғд кормандони соҳаи таъминоти барқро бо иди касбӣ ва 25 солагии таъсисёбии Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд табрику таҳният намуданд.

Рустам Пӯлотов, сардори Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат ҷиҳати фароҳамсозии шароити кору фаъолият изҳор дошта, таъкид намуд, ки ҷомеаи меҳнатӣ дар яонда низ баҳри рушди соҳа камари ҳиммат хоҳад баст.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор пешсафони соҳа ифтохорномаву сипоснома ва туҳфахои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд