(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altСарфарозиддин Имориддинов омўзгори Литсей барои хонандагони болаёкат дар шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи адабиёти классикии озмуни умумиҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" мақоми аввалро ишғол намуд.

Мавсуф яке аз довталабони фаъоли Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳурявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз миёни 7 нафар аз ғолибони ин озмун мебошад.

Барои Шоҳҷоиза дар баробари Сарфарозиддин Имориддинов ҳамчунин Рухшона Норова, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент, омӯзгор аз ноҳияи Масчоҳ, Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент ва Нӯшофарин Хидирова омӯзгор аз шаҳри Истиқлол талош доранд.

Доварони сабқат барои Шоҳҷоиза Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академи миллии илмҳо, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, Рустам Ваҳҳобзода, сардабири маҷаллаи миллии "Садои Шарқ", Рухшона Восиева, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Ҳафиз Раҳмон ва Эраҷ Исмоилзода ҳар ду устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд.

Қарор аст, ки имруз аз ҷониби доварон барандаи Шоҳҷоизаи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд