(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯкшанбеи ҳафтаи сипаригардида Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва ҳудуди майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд.

Нахуст дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 70 ниҳоли дарахтони каштан шинонида шуданд, ки онҳо дар ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшанд.

Иттилоъ дода шуд, ки каштан яке аз дарахтони маъмултарини кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ буда, дар фазои гарми субтропикӣ парвариш карда мешавад. Дарозии он ба 30 метр мерасад, бо баргҳои калонаш дар шакли контурӣ мудаввар мешавад. Дар тамоми қисмҳои ин дарахт ғизоҳо мавҷуданд.

Дарахти каштан дорои моддаҳои фаъоли биологӣ, флавоноидҳо, инчунин пектинҳо, равғанҳо, крахмал, таннин мебошанд. Дар пӯсти тана ва шохаҳо гликозидҳо, таннинҳо ва равғанҳо мавҷуданд.

Каштанро барои табобат инфузияҳо, ҷӯшонҳо, тентураҳои спиртӣ истифода менамоянд. Он ҳамчунин барои гипертония, атеросклероз, бемориҳои дил ва рагҳо, барои табобат ва пешгирии тромбоз ва эмболия истифода мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Рачаббой Аҳмадзода баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳр даъват намуд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон ба хиёбону маҳаллаҳои шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Бо мақсади иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, анвои гуногуни пиёзакҳои гули лола дар Боғи Камоли Хуҷандӣ шинонида шуданд, ки миқдори он дар ин боғи фароғатӣ то ба 300 ҳазор расонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин маъракаи ободонӣ иштирок намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Сипас бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 бех ниҳолҳои барқади кипариси аризонӣ шинонида шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани ҳар як гўшаи шаҳр ҷаҳд намуда, барои бунёди майдончаҳои варзишӣ, маконҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва дар маҷмуъ барои шаҳрвандон муҳайё намудани шароити арзанда аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд