(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зўроварӣ » дар доираи ҷамъбасти маъракаи “16 Рўзи алайҳи хушунат нисбати занон” ва ҳамзамон маросими гувоҳномасупорӣ дар асоси Барномаи “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманд” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, намояндагони мақомоти прокротура, суд, ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, субъектони пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила, рўзноманигорон, фаъолзанон, намояндагони соҳаи тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дин ва дигарон иштирок доштанд.

Фируза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамоишро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар ҷаҳони муосир зўроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷахони имрўза мебошад. Зўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кўдак ё аъзои дигари оила бошад. Бояд қайд кард, ки зўроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода дар баромади худ зикр дошт, ки оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурўъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33-и Конститутсияи малакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад. Принсипи инсондустӣ ва ятимпарварии Сарвари давлат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои таҳкиму устувории оила ва бақои он кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намояд.

Сипас дар ҷараёни ҳамоиш намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нозир оид ба зўроварӣ Гулистон Тўйғуншоева, сарвари иҷроияи ТҶ Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» Л. Федотова ва дигарон баромад намуда, андешаҳои хешро роҷеъ ба хушунати оилавӣ ва оқибатҳои он баён доштанд.

Таъкид шуд, ки бо баробари пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас, ҳамоно дар ҷомеа сафи ҷудошавии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, даст ба ҷиноят задани ҷавонону бонувон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода истодаст. Ва ин масоили мубраму доғи рӯз ҳар яки моро ба ташвиш оварда, бетараф гузошта наметавонад. Ҳамагон ҷиҳати дарёфт намудани роҳу усулҳои нави бартарафсозии зўроварӣ дар оила ва падидаҳои номатлуби ҷомеа масъулият ҳис намоянд.

Сипас, барои ҳамкорӣ ва саҳмгузории фаъол намудан дар маъракаи иттилоотии бахшида ба «16-Рўзи алайҳи хушунат нисбати занон» ба 5 нафар рўзноманигорони фаъол бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон ба бисту шаш нафар шунавандагони курси «Зан ва сиёсат» Гувоҳномаҳо оид ба хатми он тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд