(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба поён расидани соли тақвимӣ ва қарор доштан дар арафаи Соли нави мелодӣ бинобар ҷилавгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии COVID–19 таҷлили ҳамагуна чорабиниҳои оммавии солинавӣ, аз ҷумла ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳоро дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ менамояд.

Мусаллам аст, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбирҳо ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи дуюми бемории короновирус бо оқибатҳои вазнин моро хушдор медиҳад, ки ҳушёр бошем ва беаҳамиятӣ ба тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир накунем. Зеро сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикру зикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.

Тибқи қарори охири Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

Дар фасли зимистон, ки ҳарорати ҳаво ҳарорати ҳаво хеле паст аст, бинобар беэҳтиётӣ дар ин фасл эҳтимоли хуруҷи бемориҳои роҳи нафас афзуда, ба бемории зуком ва дигар навъҳои вазнини он оварда расониданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз, пўшидани либосҳои гарм дар рўзҳои сард ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ тавсия дода мешавад. Муҳим он аст, ки мо бояд баҳри ҳифзи саломатии худ дар ин фасли сармо аз ҳарвақта дида бодиққат ва баҳуш бошем. Зукоми маъмулие, ки ба он шаҳрвандон дар ин фасл гирифтор мешаванд, бо омилҳои гуногун вазнин омаданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз танҳо бо тавсияи духтурони оилавӣ муолиҷа намуда, аз худтабобаткунӣ даст кашед. Он нафароне, ки ба бемории короновирус ва илтиҳоби шадиди шуш сироёт ёфтаанд, барои барқарор намудани организми худ аз тамоми имконот истифода намоянд. Паст шудани иммунитет ба дигарбора сироятёбӣ ва афзудани беморӣ оварда мерасонад. Ҷиҳати риояи масофа ва қоидаҳои беҳдоштӣ бепарвогӣ ҳаргиз бепарвогӣ зоҳир накунед. Оилаҳои сироятшуда дидаву дониста фарзандони худро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд, ки ба саломатии дигар шаҳрвандон хатар эҷод мекунанд.

Ҳарчанд ҳолати сироятёбӣ дар шаҳри Хуҷанд кам шуда бошад ҳам, бинобар беэҳтиётӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби шаҳрвандон дигарбора хуруҷи беморӣ ва якбора афзудани он аз эҳтимол дур нест.

Дар тамоми маҳаллаҳо, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ Ситодҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19)амал намуда истодааст ва масъалаҳои марбут ба пешгирии ин беморӣ дар ҷаласаҳои он ба зуддӣ ҳал карда мешаванд.

Тамоми раванди мубориза ва табобати ин беморӣ зери назари доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон фаъолият доранд. Рўз аз рўз иқтидори ин госпиталҳо пурзўр гардида, барои қабул ва табобати беморони короновирус имконоиятҳои фаровон вуҷуд доранд.

Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, барои муборизаи дастҷамъона ва истифодаи самаровари он қувваҳоро сафарбар намудааст. Дар ин самт тамоми захира ва иқтидорҳо кифоя аст.

Маркази назорати давлатии санитарию
эпидемологии шаҳри Хуҷанд