(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишри ниёзманди ҷомеа иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаьи меҳр” ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тадриси тарбиятгирандагони он-кўдакони имконияташон махдуд ошноӣ пайдо намуда, эшонро аёдат кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаьи меҳр” 100 нафар кўдакони дорои маъюбати намуди фалаҷи майнаи сар, қафомонии ақлӣ ва нутқӣ, микроцефолия, гидроцефолия, аутизм, синдроми давн ва ғайраҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар марказ аз рўйи барномаву усулҳои гунонуни таълимӣ, аз ҷумла “Барномаи дахолаткунии барвақт”, “Маркази будубоши рўзона”, “Ташрифи хонагӣ”, “Таълими фарогир” ва ғайраҳо раванди таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст. Дар раванди машғулияти барномавӣ гуруҳе аз волидайн низ иштирок намуда, ба онҳо дарсҳои омўзишӣ бобати нигоҳубини кўдаконашон гузоронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таҳия ва қабул карда шудааст. Дар заминаи Консепсияи мазкур муҳайё намудани шароити мусоиди таълим ва ташкил кардани базаи моддию техникии мутобиқ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар назар дошта шудааст. Чунин шароити таълимӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаьи меҳр” муҳайё карда шудааст. Бахусус мавҷудияти роҳравҳои мутобиқ ба аробачаҳои маъюбӣ, таъмини асбобҳои ёрирасон ва лавозимоти таълимӣ, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ ташкил шудани гӯшаҳои алоҳида аз ҷумлаи он тадбирҳо мебошад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳангоми боздид ва суҳбат бо мураббиёну волидайни кўдакон аз ҷумла иброз дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои дастгирӣ, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қишри осебпазири ҷомеа, бахусус, маъюбон, бепарасторон, шахсони дорои имконияти маҳдуд мавқеи махсус ишғол менамоянд.

Зикр гардид, ки табақаи ниёзманди ҷомеа ҳама вақт зери ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят қарор дошта, дар муассисаҳои таълимии шаҳр ҷиҳати муҳайё намудани шароити мувофиқи таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳо андешида мешаванд.

Сипас аз ҷониби шаҳрдор як қатор тўҳфаҳо ба кўдакон ва волидайни тарбиятгирандагони Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаьи меҳр” тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд