(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии нави короновирус тибқи дастури Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти ин марказ бо сардухтурони марказҳои саломатӣ ва сироятшиносони шаҳр баргузор гардид.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳадафи мулоқотро шарҳ дода аз ҷумла афзуд, ки паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нав — COVID-19 масъалаи доғест, ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, ин беморӣ ахиран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳ ёфта, ба саломатии ҳамватанонамон таҳдид менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Таҳмина Умонова афзуд, ки вазъияти мазкур аз ҳар кадоми мо-масъулини дахлдор, бахусус сардухтурони марказҳои саломатӣ ҳушёрӣ, ҷасурӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, кумак ба нафарони бемор ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. Зеро мо имрӯз пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад дар мубориза ба ин вирус дастболо гардем.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро дар миёни сокинон ва меҳмонони шаҳр вусъат бахшем ва ба мардум фаҳмонем, ки ин ҳам тадбирҳо бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID – 19 амалӣ карда мешавад. Ҳар як сокини шаҳр дарк кунад, ки зиндагии худро бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ба роҳ монад, ҳангоми аз хона ба берун баромадан аз ниқоб истифода барад ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — бозорҳо, марказҳои савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, масофаи иҷтимоиро риоя намояд.

Дар ҷараёни мулоқот мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд