(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон рӯзгори обод, зиндагии пурсаодат ва ба Ватани маҳбубу соҳибихтиёрамон пешрафт ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Воқеан, Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрӯзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин барҳақ, мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Бо назардошти нақши созандаву муассири Парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, тибқи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвари азизамон бунёди майдони Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар шаҳри Хуҷанд низ майдони Парчами давлатӣ ҳанӯз баҳори соли 2014 мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд.

Бо шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳаматарафаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода хуҷандиёни меҳнатқарину ватандӯст бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои орому осуда Парчами ватанро боло бардошта, дар рушди ҳамаҷонибаи соҳоти кишвар саҳм мегузоранд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари Хуҷандшаҳр ин анъанаи некро идома медиҳад ва бо донишу малака, дастоварду пешрафт номи Тоҷикистонро дар арсаи олам боло мебардорад.

Бори дигар шумо, ҳамдиёрони азизро бо ҷашни муқаддас - Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбод гуфта, орзуманди онам, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург истиқбол мекунем ва Парчами кишварамонро ҳамеша парафшон месозем.

Бигузор, Парчами давлатии Ҷумҳурии азизамон поянда бошад!