(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хатнатӯйи 20 нафар кӯдакон баргузор гардид.Дастгири кӯдакони ниёзманд ва баргузории маъракаи хатнатуйии онҳо дар арафи иди тифлон ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тарабхонаи «Сирдарё» хатнатуйи 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид. Дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин 60 нафар наврасоне, ки волидайнашон дар вазъи ногувори иҷтимоӣ қарор доранд, даъват шуда буданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ кӯдакону наврасонро иштирокдорони маъракаи хайр ва кӯдаконро самимона табрик намуд.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғамхорӣ кӯдакон ятиму бепарастор ва ниёзманд ҳастанд. Дар ҳамин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд низ бо мақсади таъмини дастури сарвари давлат ҳамеша таваҷҷӯҳи худро ба чунин табақаи иҷтимоӣ аҳолӣ ба хусус кӯдакон равона месозад».
Ба 20 нафар кӯдакони хатнамешуда тӯҳфаҳои хотиравӣ, аробачаи кӯдакона, сару либос ва бозичаҳо супорида шуда, ба 60 нафар наврасон аз оилаҳои камбизоат бошад, сарулибоси мактабӣ тақдим карда шуд.