(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иди кӯдакон дар «Наврӯзгоҳ».Дар боғи фарҳангӣ - фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон баргузор гардид. Дар ин рӯз «Наврӯзгоҳ» ба идгоҳи кӯдакону наврасон табдил ёфта буд.
Аз даромадгоҳ кӯдакону меҳмонони чорабиниро қахрамонҳои афсонаҳо, афсунарон ва ширинкорон пешвоз мегирифтанд.
Кӯдакону наврасони эҷодкору ихтироъкор аз муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва касбомӯзӣ ба меҳмонон маҳсули эҷодиёту маҳорат ва ихтирои худро ба тамошо гузошта буданд.
Баробари ташрифи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода садои мутантани карнаю доира садо дод.
Онҳо аз тамоми растаҳои намоиши маҳсули кори кӯдакону наврасон,китобу адабиётҳои бачагона дидан намуда, ба иштирокдорони намоиш тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Қабл аз баргузории консерти идонаи кӯдакону наврасон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба сухани табрикотӣ баромада, қудакону ҳозиронро бо ин ид самимона табрик намуд.
Баъдан барномаи ҷолиби консертӣ бо қувваи ҳунармандони наврас пешкаш гардид.