(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд бо наздик 60 нафар сокинон мулоқот намуд.Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мувофиқи нақша қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Дар он тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, масъулини соҳа тариқи усули «Равзанаи ягона» сокинони маркази вилоятро бо масалаҳои гуногун қабул намуданд.
Дар баробари ин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода наздик 60 нафар сокинонро вобаста ба масалаҳои таъмини хобгоҳ, ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, таъмири манзили истиқоматӣ, баҳси олилавӣ, ба расмият даровардани нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ғайра қабул намуд.
Ҳамчунин бо мақсади дастгирии ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд бобати тариқи ҳашар асфалтпӯш намудани роҳи кӯчаҳо, сокини кӯчаи ба номи Белинский Бахтиёр Муъминов ва аъзоёни 16 ҳавлии кӯчаи номбурда муроҷиат намуда, омодаги худро барои мумфаршнамудани кӯчаашон баён намуданд. Алҳол барои ин кор маблағи муайян низ ҷамъоварӣ шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии ин иқдом сипосмандӣ намуда, ба масъулин дастур дод аз ҳисоби имкониятҳои дохилии буҷаи маҳаллӣ низ барои мумфаршкунӣ маблағгузорӣ намоянд ва то интиҳои моҳи июн кӯчаи мазкур аз таъмири хушсифати куллӣ бароварда шавад.
Ёдовар мешавем, қабули сокинон ҳар ҳафта рӯзи шанбе тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи «Равзанаи ягона» сурат мегирад.