(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Созишномаи ҳамкории Хуҷанд бо Могилёв.

Аз санаи 23 то 25 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Белорус қарор дошт. Ба ҳайати сафар ҳамчунин Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ буданд. Дар доираи ин сафари расмӣ 10 санади ҳамкории ин ду кишвар ба имзо расонда шуд. Аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷонибаи байни шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Могилеви Ҷумҳурии Беларусро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Маккей ба имзо расонда шуд, ки мувофиқи он шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилёв фаъолияти якҷояи худро дар самтҳои иқтисодиёт ва фаъолияти инвеститсионӣ, савдо, сохтмон, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, таҳсилотӣ, маориф, фарҳанг, варзиш ва туризм, илм ва таъминоти иттилоотӣ, муҳити иҷтимоӣ, равона месозанд.

Созишномаи мазкур тараққиёти муносибатҳои бозорӣ, намудҳои асосии хизматрасонӣ ва маҳсулоти содиротӣ, корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Могилев ва Хуҷанд, ташкил ва гузарондани намоиш, ауксионро дар бар гирифта, ҳамкории судмандро дар соҳаи фарҳанг низ пешбинӣ менамояд. Дар ҳамин замина тарафҳо алоқаҳоро дар ҷодаи фарҳанг, адабиёт ва санъат васею домандор намуда, дар як вақт барои истифодаи меросҳои фарҳангию таърихӣ, бойгониҳо, бонкӣ, иттилоотии санадҳо дар доираи салоҳияти худ ҳамдастӣ мекунанд.
Шаҳрдории Хуҷанд ва Могилёв барои иштироки дастаҳои профессионалӣ ва бачагона ба фестивалҳо, санҷишу озмунҳои эчодиёти халқ, мубодилаи виставкаҳои бадеӣ, сафарҳои ҳунарии дастаҳои театр ва баргузории консерт ҳамаҷониба имконият фароҳам оварда, тарафҳо давра ба давра ҳамкориро инкишоф медиҳанд, ба алоқаҳои бевоситаи байни муассисаҳои фарҳанг, театр, китобхонаю осорхонаҳо. марказҳои фарҳангу фароғат, клубҳо, ташкилотҳои ҷовонон мусоидат мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ду шаҳр заминаҳои устувори рушд дар ҳамаи самтҳо дошта, ба имзо расидани созишномаи мазкур барои фаъолияти соҳаҳои гуногун омили муҳим хоҳад буд.