(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар хонаи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон чорабиниҳо баргузор мегарданд. Дар чорабинии фарҳангӣ ва идонаи муассисаи давлатии махсусгардонишудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.
Муассисаи мазкур аз соли 1946 фаъолият дошта, кӯдакони имконияташон маҳдуд то сини 4 солагӣ ва кӯдакони бепарастор аз навзодӣ то сини 7 солагӣ нигоҳубин ва тарбия мешаванд. Шумораи умумии кӯдакон 69 нафар буда аз онҳо 34 нафарашон муваққатан ҷойгир карда шудаанд. Ҳамчунин дар тарбиятгоҳи мазкур кӯдакони модару падарашон фавтида, волидайнашон касалии руҳӣ дошта, волидайнашон аз парастории онҳо дасткашида, навзодони дарёфтшуда нигоҳубин мешаванд. Мураббиён ва духтурону парасторон кӯдаконро дар 5 гурӯҳ ҳамрӯза нигоҳубин менамоянд.
Ҷумъабой Сангинов ва Раҷаббой Аҳмадзода бо парасторон, масъулин сӯхбат намуда, кӯдаконро табрику таманниёти нек намуданд. Ба ҳамаи кӯдакон бозичаю тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Аз ҷониби кӯдакони муассисаи мазкур барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.