(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altМӯҳтарам афсарону сарбозон!
Собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо тамоми афсарону сарбозон, кормандон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замири қалб табрику муборакбод намуда, тансиҳатию рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурсамару масъулиятноки ҳамарӯзаатон баҳри ҳифзи ватан ва амнияти мардум бурдбориҳо таманно менамоям.
Мо имрӯз ба ифтихори яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол – 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд, ҷамъ омадаем. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум буда, ҳамчун нерӯи тавоно, сипари боэътимоди давлат ва кафили зиндагии осоиштаи мардум аст.

Президенти кишварамон, Сарфармондеҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ собит сохтаанд.
Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматӣ тадбирҳо меандешанд.
Давлату Ҳукумат хидматҳои фарзандони содиқ ва бо нангу номусро, ки дар таъмину осоишу амнияти мардум ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи афсарону сарбозони ҷон нисор намударо қадрдонӣ менамояд ва ҷовидон пос медорад.
Имрӯзҳо, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардумаш обод гаштааст ва мардум шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигарад.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.
Бо ғамхориҳои пайваста айни замон Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қӯшунҳои сарҳадии хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари ҳаёти осоишта ифтихор мекунад.
Боварии комил дорам, ки афсарон ва сарбозони шуҷоъ дар соли равон, ки тамоми мардуми кишварамон 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, бо хизмати намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори худ – хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд.
Бароятон сарбаландӣ, бурдборӣ ва комёбиҳо хоҳонам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед.