(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Роҳҳои обод дар шаҳри Хуҷанд зиёд мешаванд.

Корҳои ободонӣ ва таъмири роҳҳо идома доранд.
Айни замон таъмири роҳ аз гардиши кӯчаи ба номи Фирдавсӣ то гардиши кӯчаи ба номи академик Раҷабовҳо оғоз ёфт. Ҳоло кормандон ва мутахассисони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд  барои сари вақт ва хушсифат аз таъмир баровардани роҳ корҳои омодагиро вусъат дода, ният доранд давоми ду рӯз таъмири ҷориро ба анҷом расонанд.
Масофаи роҳи таъмир наздик як километрро ташкил дода, роҳсозон ният доранд,бе эҷод намудани монеа барои ҳаракати муқаррарии пиёдагардон ва ронандагон корҳоро ба сомон расонанд.
Аз санаи 28 майи соли ҷорӣ бошад мумфаршкунии пурраи кӯчаи ба номи М. Аминзода оғоз меёбад.