(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аксияи «Соҳил-2014».Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аксияи «Соҳил-2014»-ро ташкил карданд. Дар ин аксия наздик 600 нафар сокинони шаҳр ба хотири тоза кардани соҳилҳои дарёи Сир ҷалб карда шуданд. Ҳашарчиён аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилоят ва ҳамчунин кормандони корхонаву ташкилотҳои давлативу хусуси мебошанд.
Дар тоза намудани атрофи соҳилҳо бештар донишҷӯёни факултаҳои география ва экалогияи донишгоҳҳо ҷалб шуданд. Устодони онҳо мегуянд, ки дар баробари тоза намудани соҳил аз партовҳо ба донишҷӯён дарси амалӣ ҳам мегузарад. Мақсади аксия тоза нигоҳ доштани соҳил ва ҳимояи оби дарё аз ҳар гуна партов мебошад. Дар мавсими имсола ин аввалин аксияи «Соҳил-2014» мебошад. Масъулини шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд тасмим доранд, ки баъд аз ин тез-тез барои тоза нигоҳ доштани дарёи Сир ва гирифтани партовҳо чораҷӯӣ кунанд.