(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Назорати маҳсулоти хӯрока дар фасли гармо пурзӯр карда мешавад.Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани касалиҳои сироятӣ ва бемориҳо, ки аз истеъмоли маводи хӯрокаи дар фасли тобистон зуд вайрон мешуда, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ доир намуд.
Бо баробари гармшавии ҳаво маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва қаннодӣ зуд вайрон мешаванд ва онҳо бояд дар таҷҳизотҳои махсус нигаҳдорӣ шаванд.
Мутаасифона имрӯз бисёре аз фурӯшандагони бозор ин ҳолатро сарфи назар мекунанд, ки ин ба саломатии сокинон хатар эҷод мекунад, гуфт сардори Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Абдуллоев. Вай изҳор дошт, ки бо максади пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо  қарореро ба тавсиб расонидаанд, ки фурӯши ин гуна маҳсулотро дар ҳолатҳои ғайрисанитарӣ ва савдои кучагӣ манъ мекунад. Маҳмадӣ Давлатов муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдо ва роҳбарони сехҳои қаннодӣ даъват кард, ки ба ин масъала аҳамияти махсус дода, зери назорати қатъӣ гиранд ва нагузоранд, ки ин гуна маҳсулот дар кӯчаву растаҳо ба фурӯш гузошта шаванд Мавсуф  аз набудни либоси ягона дар фурӯшандагони бозори марказии Панҷшанбе изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки бояд савдогарон бо либоси ягона таъмин карда шаванд.Вобаста ба масалаҳои мавҷуда, ба роҳбарони бозорҳо марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ супориш дода шуд, талаботҳои мавҷуда бояд риоя шаванд.