(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи байналмиллалӣ барои мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди байналмиллалии вазнбардорӣ барои мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи ин мусобиқаи бонуфуз, ки 14 сол инҷониб баргузор мегардад, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов иштирок намуда, кулли иштирокдорон ва меҳмонони мусобиқаро бо Рузи ҷавонони Тоҷикистон аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуда, меҳмонони мусобиқаро хайра мақдам гуфт.
Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон 7 даста, Федератсияи Россия як даста,Ҷумҳурии Қазоқистон як даста, Ҷумҳурии Қирғизистон се даста ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон як даста умуман 75 вазнбардорон, ширкат доранд.  Мусобиқаи мазкур аз рӯи 8 вазн байни мардон ва аз рӯи 6 вазн байни бонувон баргузор гашта истодааст.

Мусобиқаи байналмиллалӣ барои мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.Рӯзи аввали мусобиқа натиҷаҳои ба дастовардаи вазнбардорон чунинанд:
Дар вазни 56 кг ҷойи аввалро Сунатулло Оев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Рустам Тоҷиддинов аъзои дастаи Ҷумҳурии Қирғизистон соҳиб гаштанд.

Дар вазни 62 килограмм натиҷаи аз ҳама беҳтарро Парвиз Бегов намояндаи дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анатолий Шмакотин аз Руссия ва Баҳриддин Нуриддинови тоҷикистонӣ соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Мусобиқаи бонувон дар вазни 48 кг ҳамаи се ҷойи ифтихориро бонувони тоҷик - Мавзуна Саидова, Сайёра Чорубоева ва Мадина Умарова соҳиб гаштанд.
Лекин дар вазни 53 кг бошад ягон нафар варзишгари тоҷик соҳиби ғалаба нагашт.
Надежда Танова аз Федератсияи Россия, Шайлообек қызы Айнукса ва Равшанбек қызы Алино ҳарду аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷойҳои ифтихорӣ қарор гирифтанд.
Вероника Достоваловаи аз шаҳри Чита, Зуҳро Курманова аз шаҳри Ӯш  ва Фаришта Чутова аз шаҳри Кӯлоб дар вазни 58 кг натиҷаҳои хуб нишон доданд.
Муобиқаи мазкур дар толори «Ҷашнӣ»-и маркази вилоят санаи 24 май низ идома хоҳад ёфт.