(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нахустин рассом-тарроҳ Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷандро хатм намуд.Имрӯз дар мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд ҳисоботи эҷодии хатмкунандагони ин муассисаи махсуси таълимӣ баргузор гардид. Дар толори намоишгоҳи ин дабистон зиёда аз 200 маҳсули меҳнати худро дар мавзую жанрҳои гуногун барои тамошо гузошта шуданд. Барои тамошо ҳамчунин либосҳои миллии аз ҷониби хонандагони ин мактаб тарроҳӣ шуда, матоҳои йӯрмадӯзишуда, кашидадӯзӣ пешниҳод гардида буд.
Хатмкунандагон давоми чаҳор соли таҳсил нозукиҳои касби рассомӣ-тарроҳӣ, кашидадӯзию йӯрмадӯзиро аз устодони худ Ғафурҷон Дониёров, Раъно Сангинова, омӯхта соҳиби шаҳодатномаи хатм гаштанд.
Лозим ба қайд аст, ки чаҳор сол қабл мактаби мазкур таълими наврасонро ба касби рассом тарроҳ ба роҳ монда буд. Байни 21 нафар хатмкунандагони имсола Саида Ҷамилзода аввалин хатмкунанда бо ин касб аст. Ҳоло боз 21 нафар аз рӯи ин ихтисос таҳсили худро идома дода истодаанд.
Алҳол дар мактаби мазкур 15 нафар омӯзгорон дар шӯбаҳои рассомӣ-тарроҳӣ, йӯрмадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҳайкалтароши ва кулолгарӣ, ба 132 нафар ҷавондухтарону писарон нозукиҳои касби худро таълим медиҳанд.
Дар расми шаҳодатномасупорӣ, мудири Бахши фарҳанг Бахтиёр Қосимов ширкат намуда, омӯзгорон ва волидайни хатмкунандагонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуд. Дар суханронии худ Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон рассом Ғафурҷон Ҷӯраев қайд гардид, ки кӯдакону наврасоне, ки аз овони хурдсолӣ эҷодкор мешаванд ва зебоипарастиро меомӯзанд, барои миллату давлат беш аз ҳама хизмат менамоянд.