(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо нидои «Андалеб».

Соли 2014 бо истиқболи як қатор санаҳои таърихӣ барои аҳли кишвар соли хотирмон мебошад. Ҷашнгирии 20-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими ин сол буда, дар доираи таҷлили он чорабиниҳои зиёди фарҳангиву иҷтимоӣ доир мегарданд. Ин аст, ки яке аз намоёнтарин барномаи адабиву фарҳангии миқёси ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» бахшида маҳз ба ҳамин санаи фархунда аст.
Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор дар самти татбиқи вазифаҳои азими стратегии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаккули тафаккури нави демократии ҳар узви ҷомеа роҳ мепаймояд. Шаҳри Хуҷанд ҳам дар ин радиф ҳамчун узви ҷудонопазири ин кишвари бузург дар канор набуда, дар ин самт саҳми беназири худро мегузорад.

Барои тақвияти нерӯҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавону наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳанги миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» дар қаламрави ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷоиёти халқ «Андалеб-2014» баргузор шуда истодааст.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони Истиқлолият мебошад. Дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр буда, мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ марбут ба истиқлолият, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр мебошад.
Мувофиқи нишондоди Низомномаи баргузории фестивал-озмун даври вилоятӣ бо иштироки фаъолонаи ҳаваскорони санъати ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар ду навбат баргузор мегардад. Дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» донишxeёни мактабҳои олӣ ва махсус, аз қабили Коллеxи тиббӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ иштирок мекунанд.