(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Бо ибтикори шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ифтихори 80-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 110-солагии шоир, мутарҷим ва навозандаи моҳири асбобҳои мусиқии халқӣ Муҳиддин Аминзода ва 60-солагии писари ин устоди накӯном шоир Муҳсин  Аминзода дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфили дилорое барпо шуд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии раиси шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадxони Раҳматзод ҷараён гирифт.
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ба аҳли нишаст расондани Меҳрномаи Раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ аз хусуси саҳми Муҳиддин Аминзода дар ривоҷи адабиёти тоҷик, тарбияи носирону нозимон ва дромнависон ҳарф зад.

Муҳиддин Аминзода зодаи шаҳри Хуҷанд, давомдиҳандаи кори падар Муҳаммадамин аст, ки дар мадрасаи Бухорои шариф мударрисӣ мекард. Ӯ байни 7 нафар эxодкорони авлод аз пешқадамтаринҳо буд. Дар тарҷумаи асарҳои гуногун маҳорати баланд дошт, ба шарофати ҳамин ҳунар ӯ 150 ҳазор мисраъ шеърҳои адибони Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума карда, халқи тоҷикро бо намунаи адабиёти ҷаҳон шинос намуд. Тарҷумаи достонҳои «Фарҳод ва Ширин»-и Алишер Навоӣ, «Борис Гадунов»-и Александр Пушкин, «Духтар ва марг»-и Максим Горкий, Мамлакати Мураввия»-и Александр Твардовский», повести «Сирри ҳарбӣ»-и Аркадий Гайдар, пйесаҳои «Бой ва хидматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва «Оршин мол олон»-и Узиер Ҳоҷибеков, либреттои «Евгений Онегин»-и Пётр Чайковский маҳсули қалами устод Муҳиддин Аминзода аст.
Дар маҳфил Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Муҳиддин Аминзодаро бо некӣ ёд карда, ба маҳсули қалами Мӯҳсин Аминзода, ки ба синни мубораки 60 расидааст, баҳои арзанда дод. Гуфт, ки нахустин маҷмӯаи ашъори Муҳсин Аминзода соли 1989 ба табъ расид. Китоби дуюми ӯро бо номи «Сояи хаёл» Нашриёти давлатии ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил аз чоп баровард. Ӯ дар достони «Падарам шоир буд» қимати сахти авлоду аҷдодашро бо рӯшанӣ ба риштаи назм кашидааст.

Мӯҳсин Аминзода офарандаи мумтози филмҳои мустанад мебошад. Дар бораи ҳаёт ва самараи фаъолияти эҷодии шоир Аминҷон Шукӯҳӣ, ҳофиз Боймуҳаммад Ниёзов, шоир ва тарҷумон Муҳиддин Амизода, шоира Озод ва нависанда Раҳим Ҷалил ба мукофоти вилоятии адабӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор гардид.
Сухангӯи қисмати дуюми маҳфил худи соҳибҷашн буд. Мӯҳсин Аминзодаро ҳунарпешагони ансмбли рақсии «Зебо» ҳунармандон Носирҷон Раҳимов, Фирдавс Муҳиддинов ва Абдураҳмон Абдураҳмонов бо ҳунарнамоии худ чорабиниро пуршукӯҳ намуданд.