(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

50 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳр шуданд.


Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии супоридани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он ҳайати комиссияи озмуни стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои маркази вилоят ширкат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадагонро бо таҷлили Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуд, ки нерӯю малакаи ҷавонони созанда барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон заминаи устувор мегузорад. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки маблағи стипендия нисбат ба соли гузашта, 30 дар сад зиёд гашта, ҳамсола ин раванд идома дорад.
Муҳассилини муассисаҳои умумӣ ва олии шаҳри Хуҷанд дар дар ду марҳилаи озмун ширкат намуда, дар давраи ниҳоӣ 72 нафар имтиҳон супориданд.

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш 50 нафар толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи махсус ва олӣ бо хулосаи комиссияи таъсисдодашуда, ғолибони озмуни гирандагони стипендия гаштанд.
Маблағи умумии стипендия моҳе 100 сомонӣ буда дар давоми соли хониш он умуман 900 сомониро ташкил медиҳад.