(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Ҳамсола мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи май дар доираи таҷлили «Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон», дар сартосари кишварамон «Рӯзи Дави миллӣ» баргузор мегардад.
Субҳи имрӯз аз назди маҷмаи ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хучанд Раҷаббой Аҳмадзода дар якҷоягии зиёда аз 12 ҳазор сокинону меҳмонони маркази вилоят, кормандони корхонаю ташкилотҳои мухталиф «Рӯзи Дави миллӣ»-ро оғоз бахшиданд. Масофаи умумӣ барои давидан наздик 6 километрро ташкил дода, барои ҷавонон, духтарон ва наврасон натиҷаҳои алоҳида муқаррар гардиданд.
Байни ҷавонон Хоҷаи Ёқубзод, Бобоҷони Пулод ва Давлатшоҳ Ёдиев ҷойҳои ифтихориро соҳиб гашта, байни духтарон бошад М. Мирзохӯҷаева, М. Мирзоева, Н. Ҷӯраева комёб гаштанд. Натиҷаҳои беҳтаринро бошад байни наврасон Я. Загирова, С. Осимова ва С Убайдуллоев соҳиб гаштанд. Рӯзи Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Ба 40 нафар ширкаткунандагони сабқати оммавӣ ва намояндаҳои корхонаю ташкилотҳое, ки кормандонашон натиҷаҳои хубро нигон доданд, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамударо супориданд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматулло кулли иштирокдоронро барои саҳмашон дар тарғиби ҳаёти солим арзи сипос намуда, онҳоро бо рӯзҳои ҷавонон табрик намуд.