(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо донишҷуёнДар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо муҳассилини ин таълимгоҳи олӣ, ки аз шаҳри Хуҷанд ҳастанд,баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ қайд намуд, ки ҳоло ҷавонон нерӯи тоза ва боэътимоди пешбарандаи ҷомеа ҳастанд. Барои дар роҳи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо кулли омӯзгорон ва масъулини давлатӣ, волидайн масъул ҳастанд. Маҳз дуруст ба роҳ мондани корҳои амалӣ дар ин самт барои аз байн бурдани ҳама гуна омилҳои номатлубе, ки байни ҷавонон мушоҳида мешавад, замина мегузорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба 20 нафар донишҷӯён аз оилаҳои ниёзманд 200 сомонӣ кӯмаки яквақтина супорида, барои 170 нафар донишҷуёни фаъол бошад, китоб тақдим намуд.

Баъдан байни Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯён сӯҳбати озоду ошкоро баргузор гардид. 
Аз ҷониби декани факултаи таърих Шавкат Шарипов ва факултаи педагогика Сабоҳат Абдулфайзова ва чанде аз донишҷӯён доири зарурати баргузории конференсияи илмӣ-амалии «Фарҳанг ва суннати шаҳрдорӣ» ва таъмини омӯзгорони ҷавон бо ҷойи корӣ, таъсиси воҳиди корӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр барои мутахассиси омӯзгор-равоншинос андешаҳои худро баён намуданд.
Лозим ба қайд аст, ки холо дар донишгоҳи мазкур 2 ҳазору 600 нафар аз шаҳри Хуҷанд таҳсили илм доранд.