(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд 60 нафар муроҷиат намуданд.

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чун анъана, қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» сурат гирифт. Вобаста бо масалаҳои таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ, доири ғайриқонунӣ азхуд намудани замин, ҷойгир намудан дар боғчаи бачагона, таъмини хобгоҳ, кӯмаки яквақтаи моддӣ, таъмири манзил ва бо дигар мушкилоти худ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.
Вобаста ба ҳалли масалаҳои шаҳрвандон ва иҷрою назорати он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баъди мулоқот бо ҳар кадом аз сокинони маркази вилоят ба муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришу дастури мушаххас дод.
Дар ин рӯз зиёда аз 60 нафар шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли масалаҳои зикргардида муроҷиат намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд муовинон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва соҳавӣ бо усули «Равзанаи ягона» сокинонро қабул менамоянд.