(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кирмакпарварӣ ва адрасбофӣ дар коргоҳи «ВТ-силк».Коргоҳи муштараки «ВТ-силк» фаъолияти худро вусъат мебахшад. Бо ин мақсад дар корхонаи мазкур корҳои таъмир ва азнавсозӣ суръат мегиранд. Ин корхона барои коркарди пилла ва омода намудани ашёи хоми саноатӣ-нахи абрешим пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми ташрифи худ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассисони корхонаи мазкур, ки соҳибкорони тоҷикистонию ветнамӣ мебошанд, мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мавсими имсола тибқи нақшаи пешбиншуда, 850 тонна пилла коркард гардида, аз он матоъи адрас омода карда мешавад. Бо ин мақсад ҳоло корҳои васлу насбнамоӣ барои 35 дастгоҳи матобофӣ ва 100 таҷҳизоти муосир идома дорад.
Чунон, ки маълум гашт баъдан 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар баробари ин, барои бо пиллаи хушсифат таъмин гаштани корхона, ҳоло дар худи коргоҳ 440 қуттӣ кирмак парвариш меёбад, ки нисбати соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст. Солҳои қаблӣ ин ашёи гаронбаҳои саноатӣ ба кишварҳои гуногун содир мегардид. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минбаъд пиллаи маҳаллӣ дар ин корхона коркард шуда, маҳсулоти абрешимии гуногун истеҳсол карда мешаванд.
Ҳоло корхона дар се баст фаъолият бурда, дар нохияхои Зафарободу Ғончӣ низ парвариши кирмак ба роҳ монда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки дар баробари зиёд намудани маҳсулот ва эҳёи фаъолияти мукаммал ба корҳои ободкорӣ ва гулзоркунӣ низ эътибори ҷиддӣ диҳанд.